Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст

Январь 22, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 22.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои ширкати «IRS», аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тармаи хурду бузург фаромадааст. Дар айни замон  ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ манъ буда, кормандон дар наздиктарин фурсат ҳаракати нақлиётро таъмин мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бар иловаи 23 тармаи шаби гузашта  субҳи 22 январ дар минтақаи Варзоб 6 тармаи дигар фаромадааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар километри 65-уми  масири Душанбе-Чанок тоза намуди роҳ аз барф ва бартарафсозии тарма бо баланди 2 метр идома дорад.

Ҳамчунин 21 январ дар километри 66-уми роҳи мазкур (ҳудуди ноҳияи Варзоб) ронанда ва мусофирони як мошини тамғаи «Опел», ки зери тарма монда буданд, наҷот дода шудаанд. Мошини онҳо ҳам аз зери тарма берун бароварда шуд.  Дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст.

Ба иттилои манбаъ, бар асари боридани барфи зиёд баландии он дар баъзе қитъаҳо ба 35 сантиметр мерасад.  Ҳоло ҳаракати нақлиёт тавассути масири Душанбе-Чанок манъ буда, кормандон кӯшиш доранд дар наздиктарин фурсат роҳро боз кунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бартарафсозии пайомадҳои тармафароӣ ва коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш дар масири Душанбе-Чанок идома дорад.

Аз ронандагону мусофирон хоҳиш карда мешавад, ки то гирифтани иттилои ширкат оид ба кушода шудани роҳ аз сафар тавассути ин масир худдорӣ намоянд.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 22, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд