Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 14.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. 31 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ бо афрӯхтани гулхан, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабз ва техникаҳои соҳавӣ баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта мешавад. Дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд шодмонӣ намоянд.
Ҷашни Сада ва баргузории намоиши тухмиҳои зироати кишоварзӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Дар назар аст, ки дар ҳар гӯшаи ҷашнгоҳ кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин тухмии зироат, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороиширо пешниҳоди сокинон мегардонанд.
Боиси сарфарозӣ аст, ки маҳз бо ташаббусҳои шоистаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хизмат намуданд, аз нав эҳё гардида, аз ҷониби аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми ҷашнҳои миллию мардумӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон хосса мебошад.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимӣ ва пурмуҳтавои мардуми ориёӣ мебошад, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Ин ҷашн рамзи пайдоиши нур, гармӣ ва пирӯзии инсон бар сардию зулмот дониста мешавад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин ҷашни бостонӣ чунин баён доштанд: «бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некию саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободонию созандагӣ ва хуррамию пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамию хушбахтӣ хоҳад овард».
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






