Дар Душанбе нахустин мағоза бо бренди «Тоҷикзамин» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тоҷикзамин» нахустин мағозаи брендӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мағозаи брендӣ дар доираи ташаббуси «Як деҳа — як маҳсулот» таъсис ёфтааст. Дар он маҳсулоти нави аслии бренди «Тоҷикзамин», инчунин маҷмуи васеи маҳсулоти босифати истеҳсолкунандагони хурди маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фурӯш гузошта шудааст.
Ба ин маҳсулот ғизои органикӣ, маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва малҳаму лавозимоти ороишии табиӣ, ки таҷассумгари захираҳои маҳаллӣ ва донишу анъанаҳои миллии мамлакат мебошанд, дохил мешаванд.
Вазири рушди иқтисод ва садои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз намуд, ки ташаббуси «Як деҳа — як маҳсулот» ба муайян ва истифода намудани иқтидору имконияти иқтисодии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳот, рушди истеҳсоли ватанӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ ва анъанаҳои миллӣ, мутобиқсозии маҳсулот ба стандартҳои байналмилалии сифат ва таҳкими иқтидори содиротӣ равона гардидааст.
Ташаббуси «Як деҳа — як маҳсулот» дар ҷумҳурӣ аз оғоз то имрӯз ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Таъсиси Кумитаи муштараки роҳбарикунанда, таҳияи харитаи роҳ бо муайян намудани 100 номгӯй маҳсулоти дорои афзалият ва ба роҳ мондани фаъолияти маркази истеҳсолӣ дар шаҳри Бохтар аз ин ҷумла мебошанд. Инчунин мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои миллӣ ва ҳамкории фаъол бо зиёда аз 20 корхонаи соҳибкории хурд дар 11 шаҳр бо фарогирии беш аз 100 нафар ба шуғл ва истеҳсоли зиёда аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла таҳия ва истеҳсоли 22 номгӯй навъи маҳсулот бо дастгирии коршиносони байналмилалӣ ба даст омадааст.
Ёдовар мешавем, ки ташабуси «Як деҳа – як маҳсулот» (OVOP) дар давлатҳои гуногун ба муваффақият ноил гардидааст. Дар айни замон ин ташаббус ба Осиёи Марказӣ ворид гашта, дар марҳилаи рушд қарор дорад. Дар Тоҷикистон он метавонад ба таъсиси ҷойи кор, рушди соҳибкорию ҳунармандӣ, бахусус дар деҳоти дурдаст мусоидат намояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад
Ҳоким Холиқзода бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон мулоқот намуд
Дар Мурғоб неругоҳи хурди офтобӣ бо иқтидори 1300 кВт ба истифода дода шуд
Масъалаи харидории ҳавопаймоҳои «COMAC» ва парвозҳои нав ба шаҳрҳои Чин муҳокима гардид
26 ЯНВАР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ ТОЗА. Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз давлатҳои пешсаф дар самти истеҳсоли энергияи тоза аст
Масъалаи ҷалби сармояи Индонезия ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд
РУШДИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Портали khizmat.ehukumat.tj ба шаҳрвандон 60 номгӯй хизматрасонӣ пешниҳод менамояд






