Дар Хуҷанд Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд сохтмони қасри фарҳанг бо 3 ҳазор ҷойи нишаст оғоз ёфтаааст, ки бо усули меъмории миллӣ бунёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Ҳамзамон дар доираи корҳои ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар 2,4 гектар дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳр бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳа, 50 фоизи масоҳати боғ сабзу хуррам гардида, дар қисмати боқимонда инфрасохтори зарурӣ таъсис дода мешавад.
Бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд далели равшани пойдории сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори шаҳрҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






