Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 25.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳавои моҳи феврали соли 2026 аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ карда мешавад. Ҳавои ин моҳ ба моҳи феврали соли 2018 монанд буда, дар водиҳо аз 2 то 8 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумита ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ноҳияҳои водигию доманакӯҳӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар ноҳияҳои алоҳида аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 4+8 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 0+3 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 4+9 дараҷа гарм то 3 дараҷа хунук, рӯзона аз 4+9 то 10+15 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 2-7 дараҷа хунук то 0+5 дараҷа гарм, рӯзона аз 2+7 то 8+13 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона то 1-6 дараҷа хунук, рӯзона то 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона то 5-10 дараҷа хунук, рӯзона то 4 дараҷа хунук ва 1 дараҷа гармӣ пешгӯӣ карда шудааст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида фаромадани туман ва шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония аз эҳтимол дур нест.
Моҳи феврал дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёр то 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 2+4 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 3-5 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона то 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 10-15 ва рӯзона то 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Моҳи феврал дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ буда, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Ҳаво аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 0-5 дараҷа хунук то 3+8 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона то 10-15 ва рӯзона то 3-8 дараҷа хунук мешавад. Давоми моҳ дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шудааст. Ҳаво 14-15 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункӯл то 22 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.
АКС: Dushanbe-travel








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






