Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд маросими ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.
Дар даври шаҳрии озмун 567 нафар довталаб, аз ҷумла 520 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), 37 нафар омӯзгорон, калонсолон ва намояндагони гуногункасб иштирок намуда, дар доираи талаботи озмун оид ба азёд намудани осори манзум ва мутолиаи осори мансур малакаю истеъдод нишон доданд.
Дар натиҷаи баҳогузоии ҳайати ҳакамон ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян гардида, 75 нафар ба даври вилоятии озмун мувофиқ дониста шуд. Аз ин шумора 54 нафарро хонандагон, 6 нафарро донишҷӯён, 15 нафарро омӯзгорон, калонсолон ва намояндагони гуногункасб ташкил доданд.
Довталабони шаҳр дар даври вилоятии озмун соҳиби 4 ҷой ва дар даври ниҳоии озмун сазовори 2 ҷой гардиданд.
Ҳамчунин даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин даври озмун 255 р довталаб иштирок намуд. 58 нафар ғолиб дониста шуда, дар даври вилоятии озмун фаъолона иштирок намуданд.
Як зумра омӯзгорон бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», як гурӯҳ хонандагон бо шаҳодатномаи узви вобастаи Академияи хурди фанҳо ва ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» бо Диплом ва ҷоизаҳои пулӣ, омӯзгорони онҳо бо Сипоснома ва ҷоизаҳои пулӣ ва волидайн бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






