Дар Суди шаҳри Душанбе нуктаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди шаҳри Душанбе ҷиҳати омӯзиш ва амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Суди шаҳри Душанбе хабар доданд.
Раиси Суди шаҳри Душанбе Лоиқ Зокирзода дар ифтитоҳи кори ҳамоиш вобаста ба аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва ҷойгоҳи он дар рушду пешрафти кишвар ибрози андеша намуд.
Таъкид карда шуд, ки таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат мебошад.
Иштирокдорон дар ҳамоиш ҳамзамон иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро метавон стратегияи давлатӣ номид. Он тамоми мардуми Тоҷикистонро муваззаф месозад дар роҳи рушду иқтисоди миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории суботи сиёсӣ қадамҳои устувор гузоранд ва бо ташаббусу ибтикороти рӯзмарра ба сатҳи зиндагии арзандаву шоиста бирасанд.
Ҳамзамон роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе аз судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо даъват ба амал овард, ки дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баёнгардидаро сармашқи кор қарор дода, дар таъмини волоияти қонун ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ саҳми назаррас гузоранд.
АКС: Суди шаҳри Душанбе











АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
АЗ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ ТО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дода шуданд
Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тавзеҳ дода шуданд
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ — ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ШАҲРВАНД. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд






