Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад

Январь 12, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 12.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола охири моҳи январ дар Тоҷикистон  яке аз ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик– Сада таҷлил мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷашни Сада ва баргузории намоиши тухмиҳои зироати кишоварзӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

Ба таҳлили олимон, ҷашни Сада наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодиро бо омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ба деҳқонон хабар медиҳад. Яъне, панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада кишоварзони водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва кишту кори баҳорӣ омодагӣ бинанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ин ҷашн иброз намудаанд,  «ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва аз наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад».

Ёдовар мешавем, ки 6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид.

Дар замони истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи ду ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯз ва Меҳргон ҷашни Сада низ аз нав эҳё ва барқарор гардид.

Тавре Пешвои миллат иброз намудаанд: «Бо шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки Шашмақом, Фалак, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд».

Ҷашни Сада ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст. Иди Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстию рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик ҳамасола бо риояи тамоми суннату анъанаҳои хос таҷлил мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат