ДАРАХТ БИНШОН! Дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кӯлоб 200 бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Норак-Кӯлоб 200 бех ниҳоли ороишию сояафкан ва ҳамешасабз шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳидояту роҳнамоиҳои бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки фаъолонаи сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва вусъат бахшидани корҳои созандагию сабзазоркунӣ идома дорад.
Ин иқдоми созанда ба ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист, беҳдошти вазъи экологии шаҳр, зиёд намудани майдонҳои сабз ва тарбияи аҳолӣ, бахусус ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба табиат равона гардидааст. Сокинони шаҳр бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ тасмим гирифтаанд, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ фаъолона саҳм гузошта, макони зисташонро сабзу хуррам гардонанд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ имрӯзҳо дар тамоми маҳаллаю муассисаҳои шаҳри Норак ободонию сабзазоркунӣ ба роҳ монда шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






