Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд
ҲИСОР, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор мулоқоту суҳбати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи шаҳри Ҳисор бо фаъолон ва аҳли ҷамоати шаҳр оид ба масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Имрӯз, дар замоне, ки ба фазои иттилоотии ҷаҳон хатарҳои зиёд таҳдид мекунанд, ин масъала аз ҳар кадоми мо таваҷҷуҳи бештарро тақозо дорад.
Тибқи таҳлили ҷомеашиносон, давоми солҳои охир ҳолатҳои содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғон афзоиш меёбанд. Мутахассисон яке аз омилҳои зиёдшавии ин зуҳуротро дар паст будани сатҳи донишҳои ахлоқию ҳуқуқии наврасон медонанд.
Зимни вохӯрӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи шаҳри Ҳисор суханронӣ карда, ҳолати воқеии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғонро дар шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон барои тақвият додани корҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон таъсис додани гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон, маорифу фарҳанг, ходимони дин ба манфиати кор маънидод гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






