Кишоварзони Тоҷикистон соли 2026 дар беш аз 274 ҳазор гектар зироати ғалладонагӣ кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, кишоварзони мамлакат соли 2026 дар 274 ҳазору 039 гектар зироати ғалладонагӣ кишт менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бояд тазаккур дод, ки кишоварзони мамлакат ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин, риояи агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварии беталафи ҳосилу гузаронидани кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари замин диққати махсус зоҳир менамоянд.
Кишти зироати ғалладонагӣ дар Тоҷикистон раванди муҳими кишоварзӣ буда, ҳадафаш таъмини амнияти озуқаворӣ ва гирифтани ҳосили фаровон мебошад. Дар мамлакат аз зироати ғалладонагӣ бештар гандум, ҷав ва ҷуворӣ кишт мекунанд.
Таъмини аҳолии Тоҷикистон бо гандум яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, гандумро асосан дар фасли тирамоҳ мекоранд. Дар ин мавсим растанӣ метавонад намии бориши давраи тирамоҳ, зимистон ва аввали баҳорро самаранок истифода барад. Ин аст, ки гандуми тирамоҳӣ нисбат ба баҳорӣ серҳосил мебошад. Давраи нашъунамои гандум вобаста аз навъҳои он ва муҳлати кишт 75 – 115 рӯз, баҳорӣ ва тирамоҳӣ 240 – 320 рӯзро ташкил медиҳад. Барои кишт, пеш аз ҳама, коркарди хокро гузаронидан зарур мебошад.
Олимон тавсия медиҳанд, ки чуқурии шудгори замин на кам аз 25 – 30 сантиметр бояд бошад. Чуқурии кишти тухмӣ дар заминҳои лалмӣ 5 – 6 ва дар заминҳои обӣ 4 -5 сантиметр бояд бошад. Гандум ба объёрӣ эҳтиёҷи калон дорад ва дар давраи нашъунамо вобаста ба таъмин будани намӣ аз ҳисоби бориш 3-4 маротиба бояд объёрӣ карда шавад.
Ҷав зироати серсоҳа буда, аҳамияти озуқаворӣ – хӯрокӣ, техникӣ ва хошокӣ дорад. Дони ҷав барои чорво хӯроки пурбаҳо буда, дар таркибаш тамоми маҷмуи аминокислотаҳое, ки барои инкишофи чорво заруранд, мавҷуд аст. Дони ҷав дар хӯрокҳо ягона манбаи протеини ғаллагӣ аст. Як килограмм дони ҷав 1,2 воҳиди хӯрокворӣ дорад. Ҷав ҳам дар фасли тирамоҳ ва ҳам баҳорон кишт карда мешавад. Ҷав дар кишти баҳорӣ ҳам дар заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ кишт карда мешавад. Давраи нашъунамои ҷав вобаста аз ҳаво аз 165 то 200 рӯзро ташкил менамояд. Коркарди хок, тамоми агротехникаи нигоҳубини ҷав дар давраи нашъунамо ва ҳам ҷамъоварии ҳосил ба агротехникаи гандум монанд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд






