Китоби олими тоҷик «Ёде аз Ҳинди бузург» ба нашр расид

Январь 24, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 24.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон машварати илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, ки дар он китоби тознашри доктори илмҳои таърих, профессор Санавбарбону Воҳидова «Ёде аз Ҳинди бузург» рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Китоб ба забони тоҷикӣ ва англисӣ ба нашр расида, дар он мақолаҳо оид ба таърих ва фарҳанги Тоҷикистон ва Ҳиндустон, инчунин нигоштаҳои илмии муаллиф дар конфронсҳои байналмилалӣ ва натиҷаи сафараш ба Ҳиндустон рӯи чоп оварда шудааст.

Президенти Академияи миллии илмҳо  Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар китоб муаллиф саҳми фарзандони бузурги Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлаъл Неҳру, Мавлоно Абдулкалом Озод ва дигаронро таъкид намудааст. Онҳо на фақат сиёсатмадорони дурандеш, файласуф, таърихшинос буданд, балки роҳи душворгузари илмро ба хотири ҳалли дурусти масоили истиқлолият ва демократияи мамлакати худ тай кардаанд.

Иброз гардид, ки барои рушди равобиту ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмию фарҳангии Ҳиндустон заминаҳо ва имконоти фаровон мавҷуданд. Имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар солҳои охир ба сатҳи нав баромадааст. Лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули донишмандон ва баргузории конфронсҳои илмию таҳқиқотӣ нишондиҳандаи талошҳои муштараки мо барои рушди илм ва ҳалли мушкилоти муҳими замони муосир мебошанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Уике доир ба ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар самти илму маориф ва таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ байни муассисаҳои илмӣ ва таълимии ду давлат ибрози назар намуд. Иброз гардид, ки китоби тозанашри «Ёде аз Ҳинди бузург» ба бозтоби равобити таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистону Ҳиндустон бахшида шуда, метавонад ҳамчун манбаи муҳим барои таҳқиқоти минбаъда ва таҳкими ҳамкории илмӣ байни ду давлат хизмат намояд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 24, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти астрофизика баррасӣ гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд
Дар Хатлон ганҷинаи сиккаҳои бостонии асри I кашф карда шуд