Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» таҳия карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» таҳия карда шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Баҳриддинзода иттилоъ дод.
Қабули қонун дар оянда барои пешбурди содирот, ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва иштирок дар занҷираҳои арзиши иловашуда дар минтақа, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаҳои ба содирот нигаронида, дарёфти бозорҳои нав, дарёфти роҳҳои такмили инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ мусоидат менамояд.
«Барои муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» дар агентӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардида, пас аз дастрас гардидани хулосаҳои дахлдори вазорату идораҳои марбута лоиҳаи қонун тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2025 «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» тасдиқ гардид»,-тазаккур дод директори агентӣ.
Дар нишаст инчунин иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Агентии содирот Портали ягонаи содиротии Тоҷикистон ҳамчун савдои электронӣ таъсис дода шуд. Дар он махзани маълумоти маҳсулоти содиротии ватанӣ, феҳристи содироткунандагон, воситаи ҷойгиркунии фармоишҳо ва пешниҳодҳо оид ба таҳвили маҳсулот ҷойгир карда шуда, тавассути портал бақайдгирии шартномаҳои содиротӣ ва назорати иҷрои онҳо таъмин карда мешавад.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад






