НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ. Ширкати «Mаsdar» дар Тоҷикистон чунин неругоҳро бо иқтидори 400 мегаватт бунёд менамояд

Январь 14, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 14.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, бахусус татбиқи лоиҳаи бунёди неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 400 мегаватт дар Тоҷикистон аз мавзуъҳое буд, ки дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати роҳбарии ширкати «Masdar» -и Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳошияи Ҳафтаи рушди устувори Абузабӣ – 2026 баргузор гардид.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки татбиқи ин лоиҳа ба афзоиши иқтидори тавлиди энергияи «сабз», диверсификатсияи манбаъҳои энергетикӣ ва таъмини устувории низоми энергетикии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи татбиқи лоиҳаҳои энергетикаи барқароршаванда ибрози назар намуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 14, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати саудии «Аcwa Power» неругоҳҳои офтобӣ сохта мешаванд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд