НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 226 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳое, ки дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифт шудаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ва ҷарима карда шуданд. Дар ин хусус сардори ин хадамот Санъат Раҳим 27 январ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 46 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 40 нафар ба ҳалокат расида, 27 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.
Ба иттилои Санъат Раҳим, сабабҳои асосии ин ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо объекти хатарнок, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии саноат дар ҷараёни кор бо объекти истеҳсолии хатарнок, ҳамчунин риоя накардани технологияи коркарди кон ва надоштани мутахассисони соҳавӣ мебошад.
«Дар ин замина барои роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо нисбат ба 40 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ аз тарафи комиссияҳои тафтишӣ ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, ҷарима баста шуданд»,– иттилоъ дода шуд дар нишасти матбуотии ин ниҳод.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид






