НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон тавассути Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 170 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ шуда истодааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим баён намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷумла панҷ лоиҳа ба маблағи 570,9 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷараёни татбиқ ва шаш лоиҳаи дигар ба маблағи 602,2 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд.
Азим Иброҳим таъкид намуд, ки соли 2025 корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Данғара-Гулистон 49 километр, Гулистон-Фархор 29,6 километр, таҷдиди роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод, қисмати 3, пули калон бо масофаи 920 метр ва сохтмони се пул дар ноҳияи Восеъ ва Рӯдакӣ оғоз гардиданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад






