НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва дастрасии аҳолӣ ба кумаки аввалини тиббӣ соли 2025 дар ҷумҳурӣ 113 муассисаи тиббӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода хабар дод.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон сохтмони 83 муассисаи дигар идома дорад, ки 57 адади он муассисаи кумаки аввалини тиббӣ-санитарӣ ва 26 адад муассисаҳои госпиталӣ аст. Инчунин 301 муассиса таъмир гардида, дар 59 муассисаи дигар таъмири асосӣ идома дорад
Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки соли 2025 шумораи катҳои муассисаҳои тандурустӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 50 448 адад, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ – 42 589 катро ташкил медиҳад. Давоми соли 2025 аз ҳисоби муассисаҳои тибби хусусӣ 382 адад кати дигар зиёд шуд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 дар доираи фаъолияти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор дар самти таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор тақвият бахшида шуда, бо мақсади таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ фаъолият дорад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»






