Агентии авиатсияи гражданӣ: «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба 48 ҳазору 102 киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки соли 2025 теъдоди парвозҳои транзитӣ дар маркази ноҳиявӣ ва маркази ноҳиявии ёрирасон 24 ҳазору 466 ададро ташкил дод.
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 дар Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи баланди ҷаласаи ҳамоҳангсозии солонаи гурӯҳи минтақавии ICAO оид ба такмили хатсайрҳои ҳавоии минтақаи Шарқ таҳти унвони «RDGE-SSM/2025»-ро баргузор намуд.
Дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҳамоиш аз ҷониби «Тоҷикаэронавигатсия» нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия баланд бардошта, талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мутобиқ намудани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба талаботи мақомоти танзимкунандаи байналмилалии соҳа таъкид менамояд. Соли 2025 инчунин лоиҳаи PBN дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб пурра татбиқ гардид, ки барои ба талаботи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) мутобиқ намудани хизматрасонии аэронавигатсионӣ мусоидат намуд.
Ҳамчунин аз ҷониби корхона дар шаҳри Душанбе ҷаласаи фармоишгарони давлатии миллии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба «Барномаи байнидавлатии радионавигатсионии кишварҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2023–2026», ҷаласаи 64-уми Шурои байнидавлатии кишварҳои аъзои ИДМ таҳти унвони «Радионавигатсия» баргузор гардид. Ин афзоиши эътимоди шарикони соҳаро ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамчун таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ таъкид намуд.
Дар доираи иқдоми роҳбарияти корхона вобаста ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани донишу малакаи соҳавии онҳо ва рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои дуру наздик мутахассисони корхона дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз такмили ихтисос гузашта, соҳиби сертификатҳои соҳавӣ гардиданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood Dubai» ба намоиш гузошта шуданд
Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд
Дар корхонаҳои саноатии Мастчоҳ ба маблағи беш аз 410 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад






