НИЗОМИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Аз 1 июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ мегардад

Январь 30, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 30.01.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳо рушди низоми пардохт ва татбиқи пурраи низоми ғайринақдиро дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин намуда, аз 1-уми июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродиро ҷорӣ намояд. Чунин дастуру супориш доданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 январи соли равон баргузор шуд.

Хотиррасон гардид, ки татбиқи васеи технологияҳои рақамӣ ва гузариш ба низоми мукаммали пардохтҳои ғайринақдӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамаи соҳаҳо зарурати бечунучарои замон мебошад. Дар ин замина, масъулини соҳа барои ҳарчи зудтар татбиқ намудани раванди рақамикунонӣ, иҷрои пурра ва саривақтии супоришҳои додашуда дар ин самт таъкид гардиданд. Аз ҷумла, Хадамоти алоқа вазифадор карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ чораҳои фаврӣ ва муассир андешида, суръат, сифати хизматрасонӣ ва дастрасии интернетро беҳтар намояд.

Тавре сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ба АМИТ «Ховар» иброз дошт, «дар асоси ин дастуру супоришҳои Президенти мамлакат лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аллакай таҳия гардида, натиҷаи ниҳоии он коркард мешавад. Дар назар аст, ки дар доираи ин стратегия сатҳи воридшавии интернети фарох, баланд бардоштани интернети собит, суръати миёнаи интернети мобилӣ, ҳиссаи фарогирии роҳҳои автомобилгард бо алоқаи мобилии 4G ва 5G то 100 фоиз расонида шавад. Дар доираи ин стратегия Тоҷикистон то соли 2027 ба интернети 4G ва то соли 2030 ба интернети 5 G 100% пайваст карда мешавад».

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вазифадор гардид, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатиро тавассути махзани ягона ба роҳ монад. Илова бар ин, ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият низоми рақамии мониторинги хароҷоти буҷети давлатӣ марҳала ба марҳала ҷорӣ карда шавад.

Ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки низоми ягонаи рақамии мониторинги лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро ҷорӣ карда, риояи интизоми молиявӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷрокунандагонро таъмин намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 22 июни соли 2023 бо мақсади таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба имзо расид. Ин иқдоми саривақтӣ ва муҳим ҳамчунин барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии ҷумҳурӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Бояд гуфт, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад. Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва қулай мегардонад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 30, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд