«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд

Январь 21, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 21.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 январ дар Душанбе таҳти унвони «Паём – роҳнамои занон дар ҷомеа» ҳамоиши кормандзанони Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид. 

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш намоиши китобу маҷаллаҳо, дастурамалҳои соҳавӣ ва маводи иттилоотии марбут ба фаъолияти касбӣ ва иҷтимоии кормандзанони вазорат ташкил карда шуд.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки баргузории ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ гувоҳи равшани садоқат ва самимияти занони ин ниҳод, ифтихори баланди миллӣ ва хештаншиносӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, инчунин вафодорӣ ба Пешвои  миллат ва сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон мебошад.

Таъкид гардид, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайваста тақвият меёбад.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён  дар мавзуъҳои «Барномаҳои давлатӣ дар самтҳои мақоми зан дар ҷомеа», «Занон дар мақомоти корҳои дохилӣ — рамзи устуворӣ ва масъулият», «Паём — пайке аз шодмонӣ» ва «Истиқлоли кишвар ва мақоми зан дар ҷомеа — дар партави паёмҳои Пешвои миллат» маъруза намуданд.

Зимни ҳамоиш нақши калидии занон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тарбияи кадрҳои ҷавон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар фарҷом иштирокчиён аҳамияти чунин ҳамоишҳоро омили муҳими боло бурдани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва касбии занон, инчунин таҳкими ҳамбастагӣ ва таҷрибаомӯзии кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ арзёбӣ карданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 21, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд