Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти энергияи «сабз» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории илмӣ ва таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсил ва омӯзиш, ҳамчунин таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ 26 январ зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ноиби президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва дигар мушкилоти глобалиро муҳокима намуда, оид ба гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар ин самт табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти энергияи “сабз”, технологияҳои геотермалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамсуҳбатон ба омода намудани мутахассисон дар самтҳои энергияи барқароршаванда ва технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти махсус доданд.
Қобилҷон Хушвахтзода аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкории стратегиро таъкид намуда, истифодаи энергияи “сабз” ва нақши ҳамкории байналмилалиро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ махсусан муҳим арзёбӣ намуд.
Ёшикава Ёшифуми ба дастовардҳои академия дар рушди илм ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими экологии Тоҷикистон баҳои баланд дода, омодагии JICA-ро барои дастгирии лоиҳаҳои нав, таҳқиқоти муштарак ва омода намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои энергияи “сабз” ва технологияҳои геотермалӣ изҳор намуд.
Дар фарҷоми мулоқот тарафҳо барои идомаи ҳамкории мутақобили судманд ва рушди соҳаҳои илмию энергетикии Тоҷикистон дар оянда изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид






