Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд

Январь 27, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 27.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аудиторони Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 348 ташкилоту муассисаи буҷетӣ таҳлилҳои интихобӣ гузаронида, ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудиҳои молиявӣ ошкор намуданд. Аз ин маблағ 4,1 миллион сомонӣ барқарор гардида, аз ҷумла 2 миллион сомонӣ ба буҷет ва 2,1 миллион сомонӣ ба фоидаи ташкилоту корхонаҳо ворид карда шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аъзамҷон Чиллазода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки соли 2025 дар вилояти Хатлон бо назардошти рушди воқеии иқтисодиёт иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз рӯи контингенти умумӣ 103,3 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 101 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2746,3 миллион сомонӣ ворид карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақша 38,8 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2025  429 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли ҳисоботӣ бо назардошти маблағҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят 4812,2 миллион сомонӣ равона гардид, ки 96 фоизи нақшаи хароҷоти буҷети маҳаллиро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки соли 2025 ба соҳаи иҷтимоӣ 4380,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардиданд. Барои пардохти музди меҳнат ва дигар моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет 4220,7 миллион сомонӣ сарф шуда, аз ҷумла 3323,1 миллион сомонӣ барои пардохти музди меҳнат, 807,7 миллион сомонӣ ба Фонди ҳифзи иҷтимоӣ, 66,7 миллион сомонӣ барои хизматрасониҳои коммуналию алоқа, 13,2 миллион сомонӣ барои пардохти идрорпулӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо равона карда шудааст.

Зимни нишаст ба суолҳои хабарнигорон оид ба бунёди иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баланд гардидани музди маош, вобаста ба сифати ангишт дар баъзе муассисаҳои маорифу тандурустӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

Иброз гардид, ки соли ҳисоботӣ барои рушди соҳаи иқтисод ва сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 24,3 миллион сомонӣ, барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 дар маҷмуъ 20,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла 18,8 миллион сомонӣ ба соҳаи маориф, 2,4 миллион сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ ҷудо гардид, ки 101 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ба нигоҳдории ҳолати роҳҳо 21,2 миллион сомонӣ равона карда шуд.

Бахшида ба истиқболи шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 дар сарраёсат ва сохторҳои он дар маҳал барои муваффақона иҷро намудани рисолати касбӣ, беҳтар намудани шароити корӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти молиявӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

АКС: Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Январь 27, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид