СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо назардошти Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкиму тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидани соли 2026 бо ташаббуси академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Улмас Мирсаидов ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ таъмири пурраи ошхона ва хобгоҳи Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин мактаб-интернат хабар доданд, иқдоми мазкур ба беҳтар намудани шароити зист, таълим ва ғизои кӯдакони ятиму бепарастор равона шуда, анҷоми пурраи корҳои таъмирӣ то ҷашни байналмилалии Наврӯз дар назар аст. Дар доираи корҳои ободонӣ навсозии инфрасохтор, беҳдошти шароити санитарӣ, таъмини амнияти истиқомат ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ пешбинӣ гардидааст.
Сиёсати иҷтимоии давлат, бахусус дастгирии табақаҳои осебпазир, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина ҷалби ҷомеа, олимон ва соҳибкорон ба корҳои хайрхоҳона намунаи ҳамбастагии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки корҳои ободониву созандагӣ танҳо масъулияти Ҳукумати мамлакат набуда, балки қарзи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат дар роҳи рушди устувор, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли солиму худогоҳ мебошад.
Анҷоми муваффақонаи корҳои таъмирӣ ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии тарбиятгирандагони ин мактаб-интернат мусоидат намуда, ба онҳо умед, эътимод ва ифтихори миллӣ мебахшад.
АКС: Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






