СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад

Январь 19, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 19.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар деҳаи Пандовчии Ҷамоати деҳоти Меҳрободи  ноҳияи Нуробод  толори варзишии муосир  бунёд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод хабар доданд.

Корҳои сохтмонии толори варзишӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо саҳмгузории сокинон, ҷавонон ва шахсони саховатпешаи деҳа идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонии толори варзишӣ  аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида,  иншоот дар муҳлати муқарраргардида    ба истифода дода мешавад.

Ба истифода додани толори варзишӣ барои истиқоматкунандагони деҳаи Пандовчӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Аз ҷумла,  толор ба наврасону ҷавонон шароити машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва таҳкими саломатиро муҳайё менамояд. Инчунин дар он баргузории машқҳои мунтазам, мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои солимгардонӣ ва оммавӣ имконпазир мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод

Январь 19, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд