33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд, ҳамоиш бо барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва нишони эҳтирому садоқат ба Ватан аз ҷониби курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз шуд.
Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода гуфт, ки афсарони содиқ ба Ватану миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд. Артиши миллии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ҳамқадами соҳибистиқлолӣ ва зодаи Истиқлоли давлатӣ буда, бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи холӣ таъсис дода шуд.
Иброз гардид, ки вазъи имрӯзаи сиёсати геополитикии ҷаҳон, хатарҳои воқеии ба минтақа таҳдидкунанда, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, авҷи терроризму экстремизм дар сар то сари ҷаҳон зарурати пурқувват намудани Артиши миллӣ ва мусоидати ҳамаҷонибаро дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавонон тақозо менамояд. Сабақи таърихӣ гувоҳ аст, ки маҳз заъфи давлатдорӣ дар ҳама давру замонҳо аз надоштани омодагии ҷангӣ ва ба ин восита ба дасти аҷнабиён гузоштани рукни муҳими давлатдорӣ–артиши миллӣ будааст.
Дар идома олимон аз таърихи таъсис, марҳилаҳои ташаккул ва нақши муҳими Артиши миллӣ дар ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз қадамҳои муҳими таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба шумор рафта, имрӯз ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти ҷумҳурӣ табдил ёфтааст.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид






