35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Ҳоло дар шаҳри Хоруғ сохтмони даромадгоҳи шаҳр идома дорад. Ин даромадгоҳ бо тарҳи муосир бунёд мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои зебо гардонидани атрофи даромадгоҳ ба хотири дастраси сайёҳон кардани маълумоти бештар харитаи сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин муаҷассамаи ҳайвоноти нодири Бадахшон ва нуқтаи фурӯши армуғонҳо сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар деҳаи Пашори Ҷамоати деҳоти Поршинев сохтмони Парки саноатӣ-технологӣ идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки парки саноатӣ-технологӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон- саноаткунонии босуръати мамлакат бунёд мегардад.
Парки мазкур дар масоҳати уммии 1830 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ дар ин ҷо 5 корхонаи хурди истеҳсолӣ бунёд мегардад. Корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби соҳибкорон сохта шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтан сокинони ноҳия метавонанд аз онҳо маҳсулоти гуногуни сохтмонӣ ва маишӣ дастрас намоянд.
Дар ноҳияи Шуғнон сохтмони кӯдакистон идома дорад. Ин муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак пешбинӣ гардида, ба беҳтар гардидани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат менамояд. Масоҳати умумии бино зиёда аз 280 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






