Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ қабул гардид»
ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ соли 2025 «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026–2030» таҳия ва қабул гардид. Дар ин хусус Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода 11 феврал зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди он, ки лоиҳаҳои барнома асосан ба кадом соҳаҳо равона карда шудаанд ва дар доираи он барои рушди иқтисоди миллӣ чӣ корҳо анҷом дода мешаванд, иброз дошт, ки дар барнома тамоми соҳаҳои иқтисоди мамлакат фаро гирифта шудаанд. Қисмати зиёди лоиҳаҳо- аз 30 то 40 фоизи он ба соҳаи энергетика равона гардидааст. Татбиқи лоиҳаҳо ба таҳкими истиқлоли энергетикӣ, зиёд намудани иқтидори истеҳсоли неруи барқ ва рушди иқтисоди «сабз» мусоидат менамояд. Ҳамзамон дар самтҳои саноат, маориф, тандурустӣ ва кишоварзӣ низ шумораи зиёди лоиҳаҳо пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои вазир, ин барнома фарогири 864 лоиҳа буда, маблағи умумии он 15,7 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳадафи асосии барнома таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, беҳтар намудани зерсохтор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мебошад. Он инчунин барои таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ, беҳтар шудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ замина мегузорад.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода аз таҷрибаи татбиқи «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021–2025» ёдовар шуда, гуфт, ки дар доираи он зиёда аз 1004 номгӯй лоиҳа ба маблағи беш аз 20 миллиард доллар пешбинӣ гардида буд. Таҷрибаи барномаи қаблӣ барои таҳияи барномаи нави панҷсола заминаи устувор фароҳам овард.
Ҳоло дар мамлакат дар самти ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону навсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва рақобати шадиди бозорҳо ҷалби сармоягузорӣ, бахусус сармоягузории давлатӣ яке аз абзорҳои асосии таъмини рушди устувори давлат ба шумор меравад. Сармоягузории давлатӣ имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои бузурги зерсохторӣ ва иҷтимоӣ амалӣ гардида, барои пешрафти соҳаҳои калидӣ заминаи боэътимод фароҳам оварда шавад.
Сармоягузории давлатӣ ба рушди инфрасохтор — энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, маориф, саноат ва кишоварзӣ равона мегардад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо на танҳо иқтидори истеҳсолиро зиёд мекунад, балки ба таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ мусоидат менамояд. Аз ҷумла, сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика барои таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди иқтисоди «сабз» аҳамияти стратегӣ дорад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад. Такмили қонунгузорӣ, таъмини шаффофият, ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон ва рушди ҳамкории давлату бахши хусусӣ ба зиёд гардидани ҳаҷми сармоягузорӣ мусоидат мекунад. Дар баробари ин ҷалби сармояи хориҷӣ имконият медиҳад, ки технологияҳои муосир, таҷрибаи пешрафта ва идоракунии самаранок ба иқтисоди миллӣ ворид карда шавад.
Бо истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ва татбиқи барномаҳои миёнамуҳлату дарозмуддат метавон ба рушди босубот, гуногунсамтии иқтисод ва беҳтар гардидани некуаҳволии мардум ноил гардид.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пагоҳ дар Душанбе Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» оғоз меёбад
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок менамояд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардид
Сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд






