Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонӣ дар Дубай иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо таҳти унвони «Ташаккули ҳукуматҳои оянда» ифтитоҳ гардид, ки то 5 феврал идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Саммит яке аз бузургтарин платформаҳои байналмилалӣ ба шумор меравад, ки беш аз 150 ҳайати расмии давлатҳоро дар бар мегирад. Дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайат таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок дорад.
Дар назар аст, ки дар саммит чорабиниҳои канорӣ, вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳайати давлатҳо бо намояндагони кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ доир гарданд. Багузории ин саммит ба густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва технологӣ мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






