Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд

Февраль 13, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар вилояти Суғд ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иштирокчиён аз дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки мушкилоти гуногуни муқовимат ба савдои одамон имрӯз дар ҷаҳон ба яке аз муаммоҳои ҳалталаб табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ корбарии дастҷамъона ва фаъолияти босамари комиссияҳои байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дар шаҳру ноҳияҳо метавонад ба пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд.

Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода роҳу усулҳои пешгирикунанда ва механизми муосири корбарӣ ва муқовимат ба савдои одамонро мавриди баррасӣ қарор дод. Иброз гардид, ки афзоиши амалҳои номатлуби савдои одамон боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва паст гардидани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ мегардад.

Таъкид шуд, ки бояд муқовимат ба савдои одамон, муносибат бо қурбониёни савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва дигар паҳлуҳои муҳими марбут ба ин самт дар меҳвари фаъолияти комиссияҳо, масъулини дахлдор ва дар маҷмуъ аҳли ҷомеа қарор гирад.

«Дар замони муосир савдои одамон бо шаклу намудҳое, ба мисли меҳнати маҷбурӣ,  истисмори шаҳвонӣ, истисмори иқтисодӣ, хизматрасониҳои маҷбурӣ зуҳур карда, объекти ин гуна ҷиноятҳо озодии шахсии инсон мебошад», – изҳор шуд зимни ҷаласа.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёри конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд.

Масъалаи дигаре, ки дар ҷараёни ҷаласа ба он таваҷҷуҳ карда шуд, ин ба ҳаёти осоишта баргардонидани шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ гумонбар ва гумроҳшудагони тасодуфӣ бо истифода аз сабукиҳои дар қонунҳои амалкунанда пешбинишуда буд. Дар ин самт дастур дода шуд, ки дар минтақаҳо ҳарчи бештар корбарӣ ба роҳ монда шавад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид