Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ густариш меёбад

Февраль 19, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Рушди ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ ва кимиё, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Атобак баррасӣ гардид.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар вохӯрӣ барои истифодаи пурраи имконоти мавҷуда ва густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии ду давлат ибрози ҳавасмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки равобити Тоҷикистон ва Эрон бар пояи пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ рушд ёфта, имрӯз марҳилаи нави густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро дар бар мегирад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 19, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад