Аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 65 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Вазорати молия 102 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 20 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» таҳия гардидааст. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иттилоъ дод.
Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт, ки лоиҳаи ин санадҳо бо мақсади тавсеаи пардохтҳои ғайринақдӣ, таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ ва мукаммал намудани қонунгузории андоз, инчунин коҳиш додани сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмӣ ё пинҳонӣ таҳия шудаанд. Аз санадҳои таҳиянамудаи вазорат 65 адади он бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Ҳамзамон бо мақсади бархурдор гардидани шумораи бештари шаҳрвандон аз муқаррароти қонунгузории андоз ва талаботи Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва санадҳои дар доираи он қабулгардида 6 ҳазор маводи таблиғотӣ ба чоп расонида шуд. Он барои истифодаи васеъ ба ширкатҳои авиатсияи гражданӣ ва муассисаҳои давлатии ба хизматрасонии муздноки давлатӣ машғул дастрас карда шуд.
Дар баробари ин бо иштироки мутахассисони дахлдори Вазорати молия 5 маротиба тавассути эфири шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ гузоришу мусоҳибаҳо пахш шуда, инчунин дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук маҷмуан 11 маводи таблиғотӣ нашр гардид.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






