Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар доираи Ҳафтаи фанни математика конференсияи илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.
Зимни конференсия директори муассиса Одил Сироҷиддинзода оид ба ҳадафу вазифаҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», зарурати таҳкими сифати таълим ва ҷалби хонандагон ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ибрози назар намуд.
Дар идомаи конференсия маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардида, масъалаҳои мубрами алгебра, назарияи ададҳо ва такмили усулҳои муосири таълими математика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабинӣ собит сохт, ки ҳамгироии мактаб ва илм, пайванди устодону олимон ва ташаккули муҳити рақобатпазири зеҳнӣ заминаи устувори рушди илму маорифи миллӣ мебошад.
АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе













Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад






