Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид

Февраль 11, 2026 13:20

ТУРСУНЗОДА,11.02.2026 /АМИТ«Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез (12 феврал) ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ«Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар масъалаҳои глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирии экстремизм ва терроризм мавқеи пешоҳангӣ касб намудааст. Дар мамлакат барои пешгирии ин зуҳуроти хатарнок тадбирҳои муассир андешида шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стратегияю барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд.

Иброз гардид, ки варзиш дар пешгирии экстремизм нақши муҳим дошта, ҷавононро аз муҳити хавфнок дур нигоҳ медорад. Он руҳияи ҳамкорӣ, эҳтироми қонун ва таҳаммулпазириро тарбия намуда, неруи ҷавононро ба рақобати солим ҳидоят менамояд. Варзиш тавассути ташаккули одатҳои солими зиндагӣ интизом ва масъулиятро баланд бардошта, бо ҳамин роҳ сабабу омилҳои ҷалбшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро коҳиш медиҳад.

Бояд гуфт, ки қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид 12-уми февралро Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез эълон намуда, ба кишварҳои аъзои ин созмон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯз чорабиниҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  аз 10 то 12 феврали соли 2026 дар саросари мамлакат таҳти шиори «Мо, ҷавонон- зидди зӯроварӣ ва ифротгароӣ» мусобиқаҳои варзишӣ, ба мисли гӯштини миллӣ, волейбол, шоҳмоту шашка, футбол ва дигар намудҳои варзиш гузаронида мешаванд. Ин чорабиниҳо аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бахшида шудаанд.

Дар чорабиниҳои варзишӣ наврасону ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои варзишӣ ва донишҷӯёни коллеҷу донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд. Ба ғолибони мусобиқаҳо Диплом ва туҳфаҳо супорида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Февраль 11, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид