Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ), Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон итттилоъ медиҳад.
Ин санад бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об, омода намудани мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷавонон ба ихтисосҳои таъмин ва истифодаи об, инчунин фароҳам овардани шароит барои таҷрибаи амалӣ ва ҳамкории мустақими донишҷӯён бо корфармоён ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар доираи татбиқи самараноки «Барномаи ҷалби ҷавонон ба соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» амалӣ карда мешавад. Барнома ҳамчун қисми таркибии лоиҳаи «Сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, ба роҳ монда шудааст.
Ҳадафи асосии барнома фароҳам овардани заминаи мусоид барои омодасозии кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани маърифати касбӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар рушди инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ мебошад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






