Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Нақшаи амалҳои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар солҳои 2025-2027 ва таҳияи «Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2034» ҳамоиш доир гардид.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, омӯзиши мунтазами қабати криосфераи Замин, ҳолати кунунии пиряхҳо, амалӣ намудани усулҳои сарфакоронаи истифодаи об, ҳифзи амнияти экологии аҳолӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар самти омӯзиши пиряхҳо аҳамияти махсус дорад.
Директори Агентии обуҳавошиносӣ Абдулло Қурбонзода иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳоро ҷузъи муҳими иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва экологии Тоҷикистон ҳисобида, тавассути ташаббусҳо, татбиқи барномаҳои илмию байналмилалӣ ва ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи онҳо тадбирҳои муассирро пеш мебаранд. Ин заминаи мусоид барои ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба тамоми бахшҳои иқтисодиёт ба мушоҳида мерасад. Дар ин самт ҳамгироӣ байни ниҳодҳои дахлдор ҳалли мушкилотро осон менамояд.
Иброз гардид, ки баргузории ин ҳамоиш имкон медиҳад, ки саъю кӯшиши вазорату идораҳои дахлдор, ошкор намудани норасоиҳои институтсионалӣ ва барномавӣ, инчунин муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда муттаҳид карда шаванд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти астрофизика баррасӣ гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд
Дар Хатлон ганҷинаи сиккаҳои бостонии асри I кашф карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 олимони тоҷик аз рӯйи 110 мавзуъ таҳқиқот гузарониданд






