Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид

Февраль 20, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Раиси вилояти Хатлон соли 2026 барои  баргузор намудани даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 593 100 сомонӣ, «Илм-фурӯғи маърифат» 802 050 сомонӣ, «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» 632 900 ва  «Шоҳномахонӣ» 200 600 сомонӣ маблағ  ҷудо гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои донишҷӯён, хонандагон, омӯзгорон, ашхоси синну соли гуногун, ки дар даври вилоятии озмунҳо ғолиб мешаванд, беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2025    190 650 сомонӣ зиёд аст.

Барои ғолибони ҷойи якум 6000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 7200 сомонӣ (барои ду ҷой),  ҷойҳои сеюм 7200 сомонӣ (барои 3 ҷой) ва барои омӯзгорон 2400 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 довталабони вилоят дар даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  соҳиби 2 Шоҳҷоиза, 7 ҷойи якум, 17 ҷойи дуюм ва 40 ҷойи сеюм гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Февраль 20, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
Дар Осорхонаи миллӣ дастовардҳои ғолибони озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба намоиш гузошта шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Бо мақсади шаффофият ва дақиқияти холҳои ғолибон портали электронӣ таъсис дода шуд