Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд

Февраль 13, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд оид ба даъвати баҳории ҷавонписарони солҳои таваллуди 1999–2008 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷараёни омодагӣ ва ташкили маъракаи даъвати баҳорӣ баррасӣ гардида, масъулин доир ба корҳои анҷомдода ва нақшаҳои минбаъда ҳисобот пешниҳод намуданд.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ–муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Саидзода вазъ ва натиҷаҳои давраи омӯзишии фаъолияти комиссияи даъвати баҳориро дар шаҳри Конибодом мавриди таҳлили амиқ қарор дод. Иброз гардид, ки даъвати ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлатӣ буда, иҷрои саривақтӣ ва босифати он ба  ҳамоҳангии фаъолияти тамоми сохторҳои марбута вобаста аст. Таъкид шуд, ки ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бояд дар заминаи риояи қатъии қонунгузорӣ, шаффофият ва масъулияти баланд ҷалб карда  шаванд.

Иброз гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Ватан буда, ҳар ҷавонписар бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият дар иҷрои ин рисолати муқаддас саҳм гузорад.

 АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад