Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин мақомот хабар доданд.
Иброз шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рӯзҳои бисёр ҳассосу сарнавиштсоз бо талошҳои пайгирона ва иродаи устувори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт. Бо роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзандони содиқи Ватан тавонистанд суботу амниятро барқарор намуда, пояҳои давлатдории миллиро таҳкиму тақвият бахшанд.
Баён гардид, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рисолати муқаддас- ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устуворию фидокорӣ иҷро мекунанд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутоб ёфтаро ба камол расонидааст.
«Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ аст. Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад», – таъкид шуд дар конфронс.
Дар конфронс дар мавзуъҳои «Артиши миллӣ- яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ» ва «Қувваҳои Мусаллаҳ – кафили амнияту суботи давлат» маърузаҳо шунида шуданд. Ҳамчунин дастоварду муваффақияти Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкиму тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳ дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ гардид.
АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






