Дар Муассисаи давлатии таҳсилот ва омӯзиши амалии Давлати Кувайт гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд

Февраль 12, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар Муассисаи давлатии таҳсилот ва омӯзиши амалии Давлати Кувайт бахшида ба Рӯзи миллии Давлати Кувайт чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиш бо иштироки намояндагони миллатҳои гуногун доир шуда, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳо мусоидат намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар чорабинӣ донишҷӯёни тоҷик низ иштироки фаъолона намуда, бо дастгирии Сафорат гӯшаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карданд. Дар ин гӯша намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва дигар армуғонҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон китобчаҳои роҳнамои сайёҳӣ, ки имконияти сайёҳии мамлакатро муаррифӣ менамоянд, пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.

Зимнан анвои гуногуни шириниҳо ва таомҳои миллии тоҷикӣ, ки таҷассумгари фарҳанги ғанӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик мебошанд, ба ҳозирин пешкаш гардиданд. Тавассути ин барнома донишҷӯён тавонистанд фарҳанг, анъана ва суннатҳои миллиро ба намояндагони кишварҳои дигар муаррифӣ намуда, симои воқеии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун мамлакати дорои таърихи бостонӣ ва фарҳанги пурғановат нишон диҳанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Февраль 12, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд