Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027» ва нақшаи амали он барои соли 2025 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар маҷмуъ 18 филм – 7 филми ҳунарӣ (аз ҷумла, 3 филми муштарак), 7 филми мустанад, 2 филми кӯтоҳи ҳунарӣ ва 2 филми тасвирӣ таҳия карда шуд. Дар ин хусус 30 январ зимни нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба дастгирии лоиҳаҳои филмсозон ва коргардонҳои ҷавон, ки аксари онҳо аз набудани дастгирии молиявӣ ба хотири таҳияи филмҳояшон изҳори нигаронӣ менамоянд, гуфт, ки соли 2025 дар раванди «Питчинг» 73 лоиҳаи филмнома, ки аксари онҳо аз ҷониби ҳунармандон ва коргардонҳои ҷавон пешниҳод шудаанд, иштирок намуд. Аз ин шумора 24 лоиҳа аз ҷониби Шурои бадеии муассиса барои наворбардорӣ тавсия гардида, 49 филмнома барои такмил ва баррасии минбаъда дар Шурои бадеӣ қарор дорад.
«Барои дастгирии лоиҳаҳои синамоии филмсозони ҷавон дар муассиса ягон монеа вуҷуд надорад. Ҳама лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Шурои бадеӣ қабул мегарданд, дар доираи «Барномаи давлатии рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон» маблағгузорӣ шуда, ба навор гирифта мешаванд», – изҳор дошт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Гуфта шуд, ки масъалаи тарбия ва омода кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳаи синамои миллӣ, аз ҷумла таҳсили довталабон аз Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соли 2024 ба ин донишкада 15 довталаб аз Тоҷикистон дохил гардида, дар асоси шартномаи ҳамкорӣ доир ба пардохти маблағ барои дастгирии моддии донишҷӯён дар асоси санади ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ «Тоҷикфилм» онҳоро дар солҳои таҳсили 2025-2026 бо идрорпулӣ таъмин намуд.
Ҳамзамон дар нишаст изҳори нигаронӣ карда шуд, ки баъзе ҳунармандон ва коргардонҳои ҷавон дар студияҳои хусусӣ бо истифода аз маблағҳои сарпарастӣ филм таҳия менамоянд, ки бархе аз онҳо дар ҷомеа боиси баҳсу мунозираҳо мегарданд. Дар чунин филмҳо истифодаи лаҳҷа, камранг будани арзишҳои миллӣ ва риоя нагардидани меъёрҳои касбӣ ба назар мерасад.
Директори «Тоҷикфилм» дар ин маврид гуфт, ки минбаъд филмҳои ҳама коргардонҳое, ки мехоҳанд филм таҳия ва ба тамошобинон пешниҳод намоянд, ҳатман аз Шурои бадеии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» гузаронида мешаванд. Дар ҳолати гирифтани иҷозат он пешниҳоди тамошобин гардонида мешавад. Дар ҳолати ба таври худсарона ба намоиш гузоштани филм нисбат ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Таъкид шуд, ки синамои миллӣ ҳамчун санъати оммавӣ вазифадор аст дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таърих ва фарҳанг, анъана ва расму ойинҳои неки миллати тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






