Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фароҳам овардани шароити мусоид барои шуғли пурмаҳсули аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва тақвияти рушди иқтисоди миллӣ дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Дар намоиш ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ садҳо ҷойи кори холӣ дар соҳаҳои саноат, сохтмон, хизматрасонӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо пешниҳод гардиданд. Ба иштирокчиён доир ба шарту шароити кор, маош, имконияти такмили ихтисос ва рушди касбӣ маълумоти муфассал дода шуд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода изҳор намуд, ки таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамоҳангӣ бо бахши хусусӣ барои таъсиси ҷойои нави кор ва рушди иқтидори истеҳсолӣ тадбирҳои муассир меандешад. Иброз гардид, ки танҳо тавассути вусъат бахшидани истеҳсолот, дастгирии соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя метавон сатҳи зиндагии аҳолиро боз ҳам беҳтар гардонид.
Зимни намоиш аз ҷониби мутахассисони соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ машваратҳои ҳуқуқӣ ва роҳнамоӣ барои интихоби касб пешниҳод гардида, як зумра шаҳрвандон бо корфармоён шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид






