Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit», ки аз 16 то 20 феврал дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳиндустон баргузор гардид, аз ҷониби роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни суханронии роҳбарияти Агентӣ инчунин рушди иқтисоди рақамӣ ва таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила инфрасохтори рақамӣ ва иқтидори кадрии соҳаро барои воридсозии технологияҳои зеҳни сунъӣ тақвият мебахшад.
Таҷрибаи кишварҳои пешсаф бозгӯи он аст, ки истифодаи зеҳни сунъӣ дар бахшҳои хизматрасонии давлатӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва саноат метавонад самаранокии идоракуниро баланд бардорад.
Дар доираи саммит бо намояндагони ширкатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқоти дуҷониба баргузор гардида, масъалаҳои ҳамкории муштарак ва ҷалби сармоя баррасӣ шуданд.
Иштирок дар саммит ба таҳкими мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мусоидат менамояд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад






