Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд

Февраль 14, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 16 декабри соли 2025 дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар таҳти унвони «Паёми Президенти мамлакат — санади муҳими стратегӣ барои фардои дурахшон» ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар оғоз иштирокчиёни ҳамоиш бо собиқадорони соҳаи тандурустӣ вохӯрӣ карданд. Ба онҳо барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳифзи солимии ҷомеа ва тарбияи шогирдони арзанда изҳори сипос намуданд. Сипас ба собиқадорони соҳаи тандурустӣ маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Қадрдонии хизматҳои чандинсолаи табибон ва кормандони соҳа ҳамчун нишонаи эҳтиром ба заҳмати фидокорона ва масъулиятшиносии онҳо арзёбӣ гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода аз самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлис Олӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» марҳиалаи нави сиёсати давлатро дар самти рушди ҳамаҷонибаи мамлакат ифода менамояд.

«Ин иқдом идомаи мантиқии дастовардҳои солҳои қаблӣ буда, ҳамзамон посух ба талаботи замони муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ мебошад», – баён гардид зимни ҳамоиш.

Иброз гардид, ки тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, дар даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар мамлакат 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Ин нишондиҳанда аз таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ шаҳодат медиҳад.

Иштирокчиён баён доштанд, ки ободонию созандагӣ, эҳтиром ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ, ки ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад, бояд аз ҷониби ҳар як шаҳрванд дастгирӣ ёбанд.

Тазаккур дода шуд, ки баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба муассисаҳои муосир, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ татбиқи онҳо ба ҳифзи солимии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми ҳамоиш барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як зумра табибони фаъол бо «Сипоснома»-и Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб тақдим карда шуд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Февраль 14, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?