Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар машварати техникии омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ (РЭС-2026) дар шаҳри Остона иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Нишаст бо дастгирии Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон ва ЮНИСЕФ (UNICEF) ташкил гардида, ба масъалаҳои ҳифзи кӯдакон, ҷавонон ва тағйирёбии иқлим бахшида шуд. Дар ҷаласаҳо муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода авлавияти миллии Тоҷикистонро дар самти Саҳми дар Сатҳи Миллӣ Муайяншуда (СММ 3.0/ОНУВ 3.0) муаррифӣ намуд.
Дар ҳошияи сафар мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси Кумита бо Сармушовир оид ба иқлим ва муҳити зисти Дафтари минтақавии ЮНИСЕФ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Мария Осбек баргузор гардид. Ҷонибҳо нақши ҷавонон ва муҳимияти маорифро дар робита ба ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон муфассал муҳокима намуданд.
Барномаи сафар ҳамчунин иштироки фаъолро дар раванди омодагӣ ба Саммити дарпешистодаи РЭС-2026 дар бар гирифт. Дар ҷараёни он барномаи чорабиниҳои сатҳи баланд ва панелҳои мубоҳисавии ҳошиявӣ баррасӣ карда шуданд. Бо мақсади шиносоии наздик бо инфрасохтори форум ҳайат Маркази конгресс ва майдончаи намоишгоҳи РЭС-2026-ро боздид намуд. Ҳангоми азназаргузаронии ҳудуди намоишгоҳ ҷонибҳо масъалаҳои таъминоти техникӣ ва ташкили павилонҳои миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқотҳо ҷонибҳо муҳиммияти ҳамкории минбаъдаро дар доираи омодагӣ ба РЭС-2026 таъкид намуда, ба ҳамгироии масъалаҳои маориф ва иштироки фаъоли ҷавонон дар рӯзномаи иқлимии минтақа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад






