Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд

Февраль 5, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи нақшаи амали «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар теппаҳои атрофи шаҳри Душанбе, теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе- Варзоб, Душанбе-Ваҳдат, Душанбе-Ҳисор ва Душанбе-Бохтар 106 ҳазору 406 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳандаи мутобиқ ба иқлими маҳал шинонида шуд. Дар ин хусус 4 феврал директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Юсуфзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки барои таъмини сабзиши ниҳолҳои шинонида дар ин мавзеъҳо мунтазам корҳои нигоҳубини ниҳолҳо, аз қабили нармкунии бехи ниҳолҳо ва қисман обдиҳӣ гузаронида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия ва қабул гардидааст. Он ба коҳиши газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ ва мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим нигаронида шудааст.

Қабули «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» яке аз иқдоми муҳимми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим арзёбӣ мегардад. Тибқи он, то соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуда, Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои «сабз»-и сайёра табдил дода мешавад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд