Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Зимни ҳамоиш Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз каҳрамонию шуҷоати ҷавонмардонаи сарбозону афсарони Артиши миллӣ ёдовар шуд. Иброз гардид, ки Кувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз рӯзҳои аввали таъсис, бо вуҷуди мавҷудияти мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, норасоии техникӣ, набудани шароити моддӣ-маишӣ ва иншооти хизматрасонӣ тавонистанд масъулияти ба зиммадоштаашонро сарбаландона иҷро намоянд.
Баён гардид, ки сол аз сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ бехтар мегардад. Аз ҷумла, дар қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту имконияти хизмат барои сарбозон куллан тағйир ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми чанд соли охир бино ва иншооти маъмурию хизматрасонии қисму воҳидҳои қӯшунҳои дохилӣ бунёд ва навсозӣ гардид. Барои беҳдошти фаъолияти хизматӣ, истироҳату фароғат ва вазъи моддӣ-маишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Таъкид гардид, ки сарбозони далери қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ буда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо менамоянд. Онҳо донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони равона месозанд.
Дар охир як зумра сарбозону афсарон бо Сипоснома, Ифтихорнома, нишонҳои сарисинагӣ, медал ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






