Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 марти соли 2026 даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2026 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, тасдиқ гардид.
Тибқи рӯйхати мазкур, имсол дар 43 шаҳру ноҳияи мамлакат 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ амал мекунад.
Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури довталаб ва хоҳиши ӯ, новобаста аз ҷойи истиқоматаш дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи аммлакат гузаронида мешавад.
Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро аз сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.ntc.tj/tj/ ба даст оваранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






