Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал дар ҳошияи Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ва Вазири савдои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ доктор Сонӣ бин Аҳмад Аз-Зуюдӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратӣ байни ду мамлакатро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон ба афзоиши гардиши савдои мутақобил, рушди савдои рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати коркард, логистика, авиатсия ва хизматрасониҳои рақамӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда ва татбиқи иқдоми амалӣ барои рушди устувори ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






