Доир ба нақши илм дар рушди маънавии занон конференсия баргузор гардид

Февраль 13, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши илм дар рушди маънавии занон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар конференсия нақши боризи занон дар рушди илми миллӣ, тарбияи насли ҷавони муҳаққиқон ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа иброз гардид.

Таъкид шуд, ки имрӯз дар партави сиёсати давлатӣ барои фаъолияти пурсамари занони донишманд тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шуда, шумораи занони олим, муҳаққиқ ва роҳбар дар муассисаҳои илмӣ сол ба сол зиёд мешавад.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба хатмкардагони машғулияти омӯзишии «Зан-сарвар» шаҳодатнома супорида шуд. Ин иқдом ҳамчун заминаи муҳими омодасозии занони роҳбар ва тақвияти малакаҳои идоракунӣ арзёбӣ гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 13, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
Дар Душанбе оид ба омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш доир гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар самти астрофизика баррасӣ гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд
Дар Хатлон ганҷинаи сиккаҳои бостонии асри I кашф карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 олимони тоҷик аз рӯйи 110 мавзуъ таҳқиқот гузарониданд