Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд

Февраль 6, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор ҳамкориро дар соҳаи энергетика тақвият медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин ва дигар масъалаҳои калидии ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор (IMF) дар Тоҷикистон Гозӣ Шбайкат дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд.

‎Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҷараёни ислоҳоти соҳа, беҳтарсозии идоракунии молиявии ширкатҳои энергетикӣ ва ҷалби сармоягузории байналмилалиро барои татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ  баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди корҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», коҳиши талафоти неруи барқ, беҳтар намудани вазъи молиявии ширкатҳои энергетикӣ, инчунин тавсеаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 6, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид